Ҳунари кандакорӣ

Кандакорӣ яке аз ҳунари қадимӣ буда, маълуму машҳуртарин намуди санъат ба ҳисоб меравад ва дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст.
Ин ҳунар усули коркарди бадеии чӯб, санг, гаҷ, гил мебошад ва ин намуди ҳунар, яъне кандакориро асосан дар ороиши биноҳо, истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ба монанди: дар, девол, шифти хонаҳо, сутунҳо иҷро менамоянд.
Барои кандакорӣ асосан аз чӯбҳои махсуси дарахтони арча, чанор, тут, чормағз истифода мебаранд ва ин намуди дарахтон бошад, дар Тоҷикистони мо шумораи зиёд дорад. Аз байни ин намудҳои чӯб чормағз асосан истифода мешавад ва чӯби аз ҳама зеботарин ва мустаҳкам ҳисобида мешавад. Таркиби сахт низ дорад ва чӣ қадаре ки куҳнсолтар бошад, ранги он тиратар аст. Ранги чӯби дарахти ҷавони чормағз сафед аст ва онро кандакорон ба инобат мегиранд.
Ҳунари кандакорӣ хусусан дар замони пешинаи мардуми тоҷик шуҳрати беандозаро доро буд ва яке аз ҳунарҳои шинохта ва маълуму машҳури тоҷикон ба ҳисоб мерафт.
Дар замонҳои пешин маданият ва дороии сокинони шаҳру деҳотро аз рӯи дару дарвозааш муайян мекардаанд. Агар дарвоза ва дари кандакорӣ касе дошта бошад маълум буд, ки дар он ҷо хонадони сарватманд зиндагонӣ мекарданд. Дарҳое, ки бе нақшу нигор буд, пас дар он замон дар он ҷо ғуломону хизматгорон зиндагӣ мекарданд ва он дарҳои бе нақшу нигор доштаро убайдӣ меномиданд. Маънои калимаи “убайд” ғулом мебошад. Аммо бо мурури замон дар солҳои аввали истиқлол ва каме пеш аз он бо таъсири чанде аз сарватмандон, ки ба ҷойи дарвозаҳои кандакори чӯбӣ дошта, дарвозаҳои оҳанӣ мешинониданд ин анъана неки қадима умри дароз надид.
Дар замони ҳозира кандакориро дар намуди бисёри чизҳо иҷро менамоянд.
Тарзи кори кандакорӣ
1. Иотихоби масолеҳ :

  1. Кашидани нақши дилхоҳи ба ашё хос (аввал дар ягон намуди қоғаз нақшаро мекашем);
  2. Баъд он расмро дар чӯбе, ки интихоб намудаем рӯйбардор менамоем ва яке аз намунаи он:

4 Баъди иҷрои корҳои дар боло қайдшуда ба амалиёти корӣ(кандакорӣ) оғоз менамоем:

Маҳсулотҳое ки барои кандакорӣ лозим аст:

1.Масолеҳ (тахта чӯб);

2.Қалам барои нақша кашидан, ки сифати баланд дошта бошад;

3.Асбобҳо;

4.Дигар чизҳои зарурӣ(рангҳо баъди анҷоми кор).

Асбобҳоеб ки барои кандакорӣ истифода мешаванд асосан 6 намуд дорад ки инҳоянд :

Новаи хурд

Новаи калон

Ростак

Миёна

Қалами мешукуфонда

Ин расмҳои асбобҳои асосии кандакорӣ ба ҳисоб меравад.

Намунаҳои дигари асбобҳои кандакорӣ:

Искана

Корди кандакорӣ барои доирашакл кардани кунҷи чӯб

Кордҳои кандакорӣ

Намудҳои кандакории мардумони тоҷики гулдаст:

Ин намуди кандакорӣ меҳнати дастии ҳунарманди шаҳри Истаравшан мебошад ва барои Ваҳдати Миллӣ эҷод шудааст.

Дар расм ҳунари кандакорӣ бо дараҷаи олӣ намудор аст. Ин намуна меҳнати зиёдро талаб намудааст ва ҳуснаш бошад, гуворро аст. Барои ин амалро иҷро намудан, ҳар як кандакор боэҳтиёт кор мекунад, зеро бо як хатогии онҳо меҳнаташон барбод хоҳад шуд.

Ин намуди кандакорӣ низ меҳнати дастӣ ва олимақоми ҳунарманди шаҳри Истаравшан мебошад.

       

 

 

Ин намудҳои кандакорӣ дар дарҳои хона мебошад, ки якчанд солҳо хеле шуҳрат пайдо намуда буд ва одамон дарҳои хонаи худро бо кандакорӣ оро медоданд. Дар замонҳои ҳозира бошад, ин намуди дарҳо дар баъзе аз хонаҳо ба чашм мерасанд. Яъне миқдори ин намунаҳои ҳунар ва ҳунармандони он хеле каманд.

Кандакорӣ дар замонҳои пешина асосан дар сутунҳо дида мешуд, ки маҳсули эҷоди ҳазорсолаҳо буда, ҳазор сол пеш дар қасрҳои шоҳони Сомонӣ шакли комили худро гирифта буд.

Намунаи сутун, ки хеле зебову хушнамуд аст. Меҳнати зиёдро талаб намуда бошад ҳам хеҷ гоҳ қиммати худро гум намекунад.

Ин намуна маҳсули меҳнати ҳозиразамони тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Чӣ хеле ки дар расм маълум аст, кандакорӣ ҳунари бебаҳо аст ва зебогиаш бошад, ҳадду канор надорад. Бояд қайд низ намуд, ки ин ҳунари шинохтаи тоҷикон мебошад.

Расми шоираи ширинкаломи тоҷик- Зебунисо бо ҳунари кандакорӣ оварда шудааст.

Хулоса, ҳунари кандакорӣ яке аз ҳунарҳои шинохта, қадима ва аввалиндараҷаи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар замонҳои пешина кандакорӣ ҳунари хеле ва хеле маълуму машҳур буд ва шумораи кандакорон низ бисёр буданд, аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан кандакорони беҳтарин шумораи зиёд доштанд.

Имрӯзҳо бошад шумораи ҳунармандони кандакор дар Тоҷикистони азизи мо хеле каманд. Зеро як асари кандакорӣ тақрибан дар як сол эҷод мешавад, вале қиммати он ҳам мувофиқ ба заҳмати яксола пардохт намешавад. Харидорони аслӣ бошад, асосан хориҷиёнанд ва дар натиҷа аксари кандакории тоҷикон ба хориҷи кишвар, яъне берун аз Тоҷикистон меравад, зеро онҳо ҳунарии дастии тоҷиконро дида ҳайратангез мешаванд ва ба чунин ҳунариро гиромӣ мепазиранд. Мардуми тоҷик бошад на он қадар аз ҳунарҳои кандакорӣ истифода мебаранд ва сабаб дар он аст, ки дар замони ҳозира чизҳои ҳозиразамон пеши роҳи онҳоро гирифта истодааст.