Ҷомадӯзӣ

Ҷома яке аз либосҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад ва ҷомадӯзӣ бошад, яке аз ҳунарҳои пешина ва шинохтаи он ба ҳисоб меравад. Ҷомаро асосан модарон ва занони ҳунарманди тоҷик медӯзанд ва мардуми шаҳри Истаравшан низ бо ин ҳунар тӯли солҳои зиёд машғул буда, обрӯву нуфузи хешро дороанд. Дар байни мардуми тоҷик ҷомадӯзӣ ва ба бар намудани ҷома хеле ва хеле шуҳрати беандоза дошта буд. Ҷомаро асосан дар маросимҳо, маъракаҳо ва тӯйҳо ба бар менамоянд, ки ин урфу одати қадимаи тоҷикон ҳисобида мешавад. Аммо дар замонҳои пешина на ҳамаи мардуми тоҷик ҷомаро доро буданд ва ҷомаро асосан шахсони сарватманд доштанд ва ба бар менамуданд. Ҷомадӯзӣ дар он вақт меҳнати бисёрро талаб менамуд ва ҳаққи хизматаш низ мувофиқи кораш пардохт мешуд. Миқдори ҷомаҳо низ кам буданд. Баъдтар бошад ҷомадӯзӣ хеле тараққӣ намуд ва модарони тоҷик дӯхтани онро ба дараҷаи аъло омӯхтанд ва ин касбро ба дигарон низ меомӯзониданд. Намунаҳои гуногуни ҷомадӯзӣ низ ба миён омад ва шахсони сарватманд ҷомаҳои зебову меҳнати зиёд талаб менамударо харидорӣ менамуданд ва ҳамаи мардум мувофиқи худ ҷомаҳо харидорӣ менамуданд.

Бо мурури замон ҳамаи мардуми тоҷик дорои ҷомаҳои гуногун шудаанд.

Ҷома намудҳои гуногун дорад, ба монанди ҷомаҳои

Ранга, беқасаби зира тӯёна, пахтагин, баҳорина ва ғайраҳо.

Ҷомаро аз матоҳои абрешимӣ, пахтагӣ, матоҳои қиммати тӯёна, вилюр ва лас тайёр менамуданд ва то замони ҳозира низ чунин аст.

Дар ҳавоҳои сард ва хусусан дар фасли зимистон ҷомаҳои аз пахта тайёр намударо мардум ба бар менамуданд, ки онҳо сифати хеле хуб доштанд ва аз сардӣ эъмин менамуданд. Дар фаслҳои баҳор бошад асосан ҷомаҳои баҳорӣ, ки аз ватин тайёр шудааст, мардум ба бар менамуданд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як фасли сол ҷомаҳои ба худ хосро дошт ва мардум ба фасли сол нигоҳ карда ҷомаро ба бар менамуданд. Ҷомаҳое мавҷуд буданд, ки онҳоро танҳо дар маъракаҳо ба бар менамуданд ва ин намуди ҷомаҳо якранг буд ва асосан рангҳои кабуд ва сиёҳ дошт. Боз ҷомаҳои тӯёна низ буданд ва онро дӯзанда каме оро медод.

Бояд қайд низ намуд, ки на танҳо мардҳо, балки занон низ ҷомаро ба бар менамуданд ва барои онҳо низ ҷома яке аз либоси асосӣ ба ҳособ мерафт. Барои занҳо низ ҷомаҳои гуногун бо тарзҳои гуногуни дӯхташ вуҷуд дошт.

Дар замони ҳозира ҷомадӯзӣ вуҷуд дорад ва ҷомаҳоро асосан дар маъракаву маросимҳо ва тӯйҳо мепушанд.

Тарзи тайёр намудани ҷома асосан чунин аст:

1.Аввал матоъро интихоб намудан лозим аст;

2.Онро бо андозаи мувофиқ мебуранд (дарозиву бари ҷома, китф, остин);

3.Ҷисмҳои матои буридашуда ва тайёрро медӯзанд;

4.Ба он чит ҳамроҳ менамоянд;

  1. Баъд пахта меандозанд;

6.Онро лаганда мекунанд;

  1. Дар барҳои он мағзӣ медӯзанд ;
  2. Онро бори дигар месанҷанд.

Намунаҳои ҷомаҳои тайёри мардуми тоҷик аз он ҷумла шаҳри Истаравшан

Хулоса, ҳунари ҷомадӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадима ҳисобида мешавад, ки дар замонҳои пеш либоси асосӣ ва намунаи либоси тоҷикон ба ҳисоб мерафт ва мардумон ҷомаро на танҳо дар тӯю маросимҳо, балки дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мебурданд. Ҷома ва ҷомадӯзӣ хеле машҳур буд. Дар замони ҳозира бошад, одамон ҷомаро кам истифода мебаранд ва танҳо дар маъракаву маросимҳо ба бар менамоянд. Сабаб дар он мебошад, ки ҳар як либос ҳусни худро дорост ва дар замони ҳозира бошад, либосҳои гуногун хеле зиёданд.

Як ҷома дар муддати 3 рӯз ба пуррагӣ тайёр мешавад ва он меҳнати дастӣ мебошад. Ин ҳунар меҳнати зиёдро талаб менамояд ва бояд инро низ гуфтан лозим аст, ки на ҳамаи тарроҳони имрӯза ҷомадӯзиро ба пуррагӣ иҷро намуда метавонанд. Миқдори ҷомадӯзон низ каманд.