Ҳунари мисгарӣ

Тоҷикистон давлатест, ки дар он ҳунарҳои шинохта, бебаҳо ва қадимаву ҳунармандони гулдаст ва меҳнатдӯст умр ба сар мебаранд. Тоҷикистонро дунёи ҳунарҳо низ гӯем мешавад, зеро ҳамаи ҳунарҳое, ки дар он ҷо маълуму машҳур аст, бо ягон симу зар ва молу сарват иваз намудану харидорӣ намудан номумкин аст, ки ин ҳунарҳо бебаҳоанд.
Яке аз ҳунарҳои мардуми тоҷик мисгарӣ мебошад. Ҳунари мисгарӣ ба пешаҳои оҳангарӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ шабоҳат дорад. Ин ҳунарро асосан мардуми ҳунарманди шаҳри Истаравшан дороанд.
Тарзи кори мисгар чунин аст:
1.Пораи мисро дар оташ гарм мекунанд;
2.Онро бо болға зада тунук мекунанд;
3.Баъд он чие, ки истеҳсол кардан мехаҳанд онро иҷро менамоянд.
Одатан мисгарон асбобҳои гуногуни рӯзгор, асбобҳои гуногуни мусиқӣ месозанд. Яке аз машҳуртарин асбоби мусиқие, ки ҳунари мисгарӣ мебошад, ин сохтани карнай мебошад, ки асосан дар шаҳри Истаравшан шуҳрати беандоза пайдо намудааст. Карнай рамзи хурсандии ҳар хонадон мебошад ва дар хонадонҳое, ки тӯйю хурсандӣ мешавад садо медиҳад.

Мисгарӣ боз дар табақҳо низ дида мешавад, ки кори он хеле нозук аст ва вақти зиёдро низ талаб менамояд. Масалан барои таҳияи як табақи моҳиронаи мисин аз 5 то 7 моҳ вақт сарф мешудааст.
Аммо дар замонҳои ҳозира нисбати пешина ҳунари мисгарӣ хеле ақиб монда истодааст. Сабаби аввалиндараҷаи он меҳнати зиёд талаб намудани он мебошад ва барои ин меҳнат ва ранҷи ҳунарманд ҳаққи хизмат мувофиқ пардохт намешавад. Харидорон ва талабгорони ин ҳунар рӯз то рӯз кам шуда истодаанд. Барои он ки мардум чизҳо ва асбобҳои рӯзгори ҳозиразамон, ки аз кишварҳои хориҷа вориди кишвари мо мешавад, бисёртар талабгоранд. Дар натиҷа ҳунармандони моҳир маҷбур мешаванд, ки ин ҳунарро тарҳ намоянд.
Намунаи ҳунарҳои мисгарии тоҷикон