Дигар ҳунарҳои мардумӣ

Дӯхтани миёнбанд

Мардум тоҷик аз ҷумла мардумони ҳунарманди шаҳри Истаравшан дорои ҳунарҳои гуногуни зебо мебошанд ва ҳунарҳои дилрабову бебаҳои онҳоро бо ягон симу зар, дороӣ ва сарват иваз ва харидорӣ намудан номумкин аст.

Яке аз ҳунаре, ки аз қадим модарону занони тоҷик шуғл меварзиданд дӯхтани миёнбанд (руймол) ба ҳисоб мерафт. Дар замонҳои нешина мардон ва ҷавонон миёнбандро на фақат дар маъракаю маросимҳо, балки дар корҳои ҳаррӯзаи худ ба монанди кишоаврзӣ, кишту кор дар замин ва дигар корҳои меҳнатталаб истифода мебурданд.

Дӯхтани миёнбанд дар ҳама давру замон зебогиву матонати хешро дорост ва онро модарони тоҷик бо дасти пуршарафи хеш эҷод менамуданд.

Дӯхтани миёнбанд на он қадар вақти зиёдро талаб менамод ва аз тарафи як нафар дӯхта мешавад.

Миёнбандро дар замони ҳозира танҳо дар маросиму маъракаҳо мардон ва ҷавонону тӯйбаччагон ба бар менамоянд.

Маҳсулот ва чизҳои асосие, ки барои тайёр намудан ва дӯхтани миёнбанд лозим аст инҳоянд:

  1. Матоъ (пахтагин, атлас, адрас, шоиҳои раггин);
  2. Ришта (пахтагин “муина”, тӯпчаҳои абрешими ранга);
  3. Дигар чизҳои лозимӣ (сӯзан, қайчӣ).

Тарзu тайёр намудани миёбанд чунин аст:

1.Матоъро тайёр намуда, дар он аввал нақша мекашем(аз бӯр истифода мебарем). Расмҳо оиди он гуфта:

2 Аз рӯйи нақшаи тасвиршуда ба дӯхтан оғоз менамоем ва аз риштаҳои рангаву гуногун истифода мебарем:

Намуди риштаҳое ки асосан барои дӯхти миёнбанд истифода мешавад:

19

Намунаҳои гуногуни миёнбанд ки бо дасти пуршарафи модарони тоҷик дӯхта шудааст:

Ин намунаҳо асосан барои тӯйҳо истифода бурда мешаванд.

Намудҳои дӯхташуда ва нақшҳои он дар ҳар миёнбанд мазмуни худро дорад ва дар миёнбанди сабз бошад, нақшаи тасвиршудааш мавҷи дарё ном дорад ва бо гулҳои рангоранг оро дода шудааст, ки рамзи хурсандию баҳор мебошад.

Тарзи дӯхтани ин миёнбанд хеле қадима буда тақрибан 130 120 сол пеш миёнбандҳо асосан чунин тарзи дӯхт доштанд.

Хулоса, назар ба дигар давлатҳо мардуми тоҷик миёнбандро бисёртар истифода мебарад ва миёнбанд низ ба рамзи шинохта дар либоспӯшӣ ва расму русуми тоҷикон дохил мешавад. Ин намуди ҳунар, яъне дӯхтани миёнбанд аз давраҳои қадим то ин ҷониб машҳур аст, вале дӯхтани он мисли пешина бо даст иҷро намешавад, балки бо мошинаҳои махсуси гулдӯзии ҳозира.Барои он ки мошинаҳо корро осон менамоянд.