Гулдӯзии дастӣ

Мардумони ватандӯст ва ҳунарманди шаҳри Истаравшан дорои ҳунарҳои хеле зебову қадима буда, якчанд солҳои пеш гулдӯзӣ, ки яке аз ҳунари дилнишин буд байни модарону занони тоҷик шӯҳрати беандозае пайдо намуда буд. Гулдӯзӣ ҳунари дастӣ ба ҳисоб рафта, занону модарони тоҷик бо дастони нозуки худ гулдӯзиҳои зебову дилраборо меофариданд, ки ҳангоми дидани он шахс ба хаёлоти рангин фуру меравад. Зеро натиҷаи кори онҳо ҳусни хосаеро дорост ва ҳаловатбахш мебошад.

Яке аз ҳунари гулдӯзӣ ин дӯхтани сӯзанӣ ба ҳисоб меравад, ки ин ҳунар дар замонҳои пешинаи мардуми тоҷик хеле машҳур буд. Oнро ҳамчун рамзи ороиш истифода мебурданд ва асосан дар деволҳои хона кашол менамуданд.

Барои дӯхтани сӯзанӣ:

сараввал матоъро интихоб намуда, якчанд намуди матоъҳоро барои дӯхтани он истифода мебурданд. Ба монанди: шоиҳои якрангa, тавор, матоъҳои абрешимин, нахтигин ва ғайраҳо.

Баъд андозои онро муайян намуда, барои хушнамуд ва зебо шудани он нақшаҳоро интихоб менамуданд.

Пас аз ин амалҳояшон дар рӯйи матоъ нақшҳоро тасвир менамуданд (барои тасвири нақшҳо асосан аз бӯр истифода мебурданд).

Баъди он ба дӯхтан шуруъ мекарданд ва аз риштаҳои гуногуни ранга истифода мебурданд ва ҳар як гулҳои сӯзаниро асосан бо риштаҳои рангашон гуногун медӯхтанд. Яке аз намунаи ришта, ки барои гулдӯзӣ истифода мешуд, абрешими ранга ва пахтагин буд, ки чунин намуд дорад:

Бояд қайд намуд, ки дӯхтани сӯзанӣ на ҳама вақт аз тарафи як нафар иҷро мешуд, балки аз тарафи якчанд нафар иҷро шуда, асосан модарони гулдаст ин амалро иҷро менамуданд.

Нақшҳое ки дар сӯзанӣ дӯхта мешуд, мазмун ва зебоии худро доро буд. Асосан дар сӯзанӣ гулҳои гуногуни рангоранг ва дар мобайни он бошад Офтоб дӯхта мешуд, ки гулоҳо рамзи муҳббат ва баҳорро доштанду Офтоб рамзи рӯшноиву сулҳро доро буд.

Намунаҳои сӯзаниҳо ки аз тарафи модарони тоҷики меҳнатдӯст ва ҳунармадн иҷро шудааст:

Ин намунаи сӯзанӣ таърихи 85 сола дорад, яъне онро 85 сол пеш гулдӯзӣ намудаанд ва албатта ин нтиҷаи кори модарони Истаравшани бостонист.

Чӣ хеле ки дар расм мебинем ҳусни бебаҳо дорад ва боварии шахс намеояд, ки ин маҳсули кори дастӣ аст. Дӯхтан ва анҷом доданаш на он қадар осон буда, хело вақти зиёдро низ талаб намудааст.

Ин намунаи дигари кори дастии мардуми тоҷик мебошад.

Ин намуна низ якчанд сол пен дӯхта шудааст.

10

Дар замони ҳозира истифодабарии сӯзанӣ хеле ва хеле кам ба назар мерасад ва дар баъзе хонадон ҳатто намунааш ба чашм намерасад. Албатта ин намуди ҳунар меҳнати зиёдро талаб менамояд, аммо натиҷаи он пурмаҳсул ва гаронбаҳо аст, зеро он бо дастони маҳину нозуки модарон ва занони тоҷик офарида мешавад ва зеби хонадон аст. Бояд донист ки на ҳама ин ҳунари меҳнатталаб ва дастиро доро шуда метавонанд. Ин ҳунар дар ҳама давру замон ҷойи намоёни худро дорад ва зебогиву дилрабогиаш бошад беохир аст.