Кордсозӣ

Гузаштагони халқи тоҷик маданияти пешрафта ва санъати волои меъморӣ, кандакорӣ, маҷассамасозӣ , бофандагӣ, рассомӣ, кулолгарӣ кордсозӣ ва ғайраро доштанд.

Дар Истаравшани бостонӣ ин ҳунарҳои ниёгони халқи точикро давом медиҳанд ва намегузоранд, ки ин ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик аз байн равад.

Кордсозӣ ин намуди ҳунари қадимаи тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳои дароз дорад. Аз давраи сулолаи Хахоманишинҳо кордсозӣ ба дараҷаи баланд расонида буд. Шамшерҳо, ханҷарҳо, теғҳо ин намуди хунарҳои волои ниёгонамон то ба мо омада расидааст. Бояд қайд кард, ки мардуми ҳуанрдӯсти Истаравшан ин ҳунари ниёгони моро давом медиҳанд. Зиёда аз 100 намуди ҳунар дар Истаравшан, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб мераванд ба қайд гирифта шудааст, аз ҳамин сабаб ҳам ин шаҳрро шаҳри Ҳунармандон мегӯянд. Аҳолии ин шаҳри қадимаи тоҷикон дар сарзамини Тоҷикистон ягона шаҳрест, ки қариб ҳамаи аҳолӣ соҳиби ҳунаранд.

Рафти кор:

1. Оҳани обу тоб ёфтаро мегирем ва ба он зарбаҳои сахт мезаним, агар оҳани мулоим бошад ба он шакли муайян додон мушкилтар аст, агар оҳани сахт ( пӯлод ) бошад, он вақт ба он додани шакли муайян осонтар аст, агар оҳани мулоим бошад, он гоҳ корди тайёршуда босифат ва дер занг нмезанад.

   

2. Баъд ба он зарбаҳои сахт мезананд.Такроран боз онро тасфонида зарбаҳо бо болғаи хурдтар мезананд. Баъд корди нимтайёрро ба об меандозанд (5 -10 сония) барои он ки оҳан боз ҳамобу тоб ёбад.

4

3. Кордҳои нимтайёрро барои рост ва зебо гардонидан аввал дар санги сахти соишдиҳӣ соиш медиҳанд ва барои ҷило гирифтанаш дар санги мармар соиш медиҳанд.

Дастаи кордро аз шохи оҳу ва аз чӯби дарахт тайёр мекунанд ва бо нақшу нигор оро медиҳанд. Ин кори майдагӣ ва мушкил буда вақти зиёдро талаб мекунад.