Гулдӯзии попурӣ

Гулдӯзиҳои гуногун байни мардуми тоҷик, аз он ҷумла дар шаҳри Истаравшан хеле васеъ паҳн шуда буд ва яке аз ҳунарҳои зебову диққатҷалбкунанда ба ҳисоб мерафт.
Дар замонҳои пеш гулдӯзиҳо асосан дар сӯзанӣ, борпӯш, ҷилдҳои болишт, либосҳои миллӣ, рӯйҷоҳо, зардеволҳои арӯсӣ, гаҳворапӯшак, ҷойнамоз дӯхта мешуд ва албатта, он меҳнати дастӣ буд. Ин ҳунари қадима, яъне гулдӯзӣ меҳнати зиёдро талаб менамуд ва барои анҷоми он вақти зиёд сарф мешуд.
Якчанд сол қабл бошад, мошинаи гулдӯзӣ ё бо таври дигар мошинаи попурӣ мавҷуд буд. Мошинаҳои гулдӯзӣ ё ин ки мошинаи попурӣ асосан аз худи дӯзанда вобастагӣ дошт ва бо даст идора мешуд. Дӯзанда бо фаҳмиш ва хаёлоташ дар матоъ бо мошина гулдӯзӣ менамуд.
Гулдӯзиҳое ки бо мошинаи попурӣ амалӣ мешуд, асосан дар зардеволҳо, болинпӯш, сӯзанӣ, борпӯш ва рӯйҷоҳо дида мешуд.
Барои чунин гулдӯзиҳо асосан аз риштаи бирешими тоза(табиӣ) ва рангҳои гуногундошта истифода мебурданд ва онҳо чунин намудро дороанд:

Намунаи мошинаи попурӣ:

Намунаҳои гулдӯзӣ дар зардевол борпӯшҳо ва сӯзанӣ:

Ин ҳунари пешинаи мардуми Истаравшан ба ҳисоб меравад. Ин намунаи сӯзанӣ буда, рамзи ороиш ва зеби хона ба шумор мерафт.Натиҷаи кор бошад, хеле дилнишин буда, гулҳои он бо рангҳои гуногуни диққатҷалбкунандаи зебо дӯхта шудааст.

Ин намуд барои тӯйҳо ва асоасн дар тӯйи хонадаршавӣ ҳамчун рамзи ороиш дӯхта мешуд ва дар ҳар як тӯйҳои қадимаи мардуми тоҷик чунин намудҳои гуногуни гулдӯзӣ вуҷуд дошт.

Вақте мо назар ба ин намунаи зебо меандозем, ҳунари олидараҷа ва бебаҳои модарони тоҷик эҳсос мешавад. Дидани ин гуна ҳунар ҳайратангез мебошад.Чи хеле ки дар расм мебинем номи тӯйбаччагонро низ бо гулдӯзӣ навиштаанд.

Кабӯтар бошад, дар ин ҷо рамзи сулҳ мебошад.

Намунаи гулдӯзӣ   бо нақшҳои гуногун дар миёнбандҳо:

Ҷойнамозҳоро низ гулдӯзӣ менамуданд, ки шакли бисёр зеборо ба худ мегирифт ва онро хеле тозаву эҳтиёткорона нигоҳ медоштанд:

 

Чӣ хеле ки ба ҳар яки мо маълум аст, дар замони ҳозира либосҳои аврупоӣ хусусан дар байни ҷавонон васеъ истифода мешавад. Яъне либосҳое, ки онҳо ба бар менамоянд, асосан шаклу дӯхти аврупоӣ дорад.

Ҳунари гулдӯзии қадимаро бо сабабҳои аз байн нарафтан ва зебогиву нозукии худро гум накардан, дар замони ҳозира бо дӯхт ва матоъҳои миллии пештара дар шакли ҳозиразамон низ дӯхта истодаанд.

Дар расм намунаҳои гуногуни либосҳои миллии тоҷикон дида мешавад, ки зеби духтарони тоҷик мебошад ва намунае аз онҳо бо гулдӯзии попурӣ низ орову зебо дӯхта шудааст ва дар замони ҳозира намунаи беҳтарини либоси миллии тоҷикон ҳисобида мешавад.

Намунаҳои дигари гулдӯзии попурӣ дар замони ҳозира

Хулоса, ин ҳунари пешина то ҳол зебогиву ҷойи худро гум накардааст ва яке аз ҳунари нозуку ҳайратангез мебошад, ки то ҳол баъзе модарони тоҷики меҳнатдӯст аз ҷумла модарони шаҳри Истаравшани бостонӣ бо ин гуна ҳунар машғуланд. Онҳо намехоҳанд, ки ин гуна ҳунари бебаҳои тоҷикон аз байн равад ва зебогиву мароми хешро аз даст диҳад.

Яке аз фаъолазани гулдасти тоҷик Муҳамадиева Маҳбуба зодаи шаҳри Истаравшан буда, ҳунари гулдӯзиро чандин солҳо доро мебошад, ки ин ҳунарро аз модари худ омӯхтааст. Натиҷаҳои кор ва меҳнати ин зани меҳнатдӯст хеле ва хеле зебову ҳуснангез буда, ӯ худ фахр аз он дорад, ки чунин ҳунари бебаҳову қадимаро доро мебошад.

Муҳамадиева Маҳбуба гулдӯзии попуриро дар дараҷаи баланд медонад ва дар замони ҳозира гулдӯзиро бо нақшҳои гуногуни дилрабо ба чизҳои гуногун медӯзад.

Гулдӯзӣ дар дастурхон, ки намуди дилнишин дорад.

Ин намуди ҳунар дар ҳама давру замон яке аз намунаи машҳуртарини ҳунари тоҷикон ҳисобида мешавад ва зебогии худро гум намекунад.