Тоқидӯзӣ

Тоқидӯзӣ ва Ҷомадӯзӣ.

Дар шаҳри Истаравшан ҳунармандони асил ва чеҳрадаст зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд, ки онҳо давомдиҳандаи ҳунари волои ниёгонамон мебошанд. Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Истаравшан гузарҳои ҳунармандии худро дорад, Гузари Дегрезон, Гузари Собунгарон, Гузари равғангарон, Гузари кордсозон, Гзари Оҳангарон, Гузари Чармгарон, Гузари Ресандагон, Гузари бофандагон,Гузари Танӯрсозон, Гузари Челонгарон ва ғайраҳо, ки дар ин ҳар як гузар ҳунар аз падар фарзандон ҳунарро мерос мегиранд.

Дар шаҳри Истаравшан “Асотсиатсияи ҳунармандон” ташкил шудааст ки дар ин асотсиатсия ҳар як устоди ҳунар ба шогирдонаш ҳунар меомӯзонад.

Яке аз ин ҳунарҳо ки ҳунармандон онро ба мартабаи баланд расонидаанд ин тоқидӯзӣ ва ҷомадӯзӣ мебошад.

Дар бозори Истаравшан:

44

Дар бозори Истаравшан

Тоқӣ (тӯпӣ) аз замонҳои қадим то замони мо технологияи тайёршавӣ қариб тағийр наёфтааст ва онро тағийр додани нестанд. Ҳунари тоқидӯзӣ ҳунари серталаббуда меҳнати зиёд ва вақти зиёдро талаб мекунад. Тоқӣ мардона, занона, кӯдакона, тӯйӣ, мотамӣ (дар вақти вафоти касе онро мепӯшанд).

Дар сурат Облоқулова Изолат ҳунарашро аз бибияш омӯхтааст, ки 40 сол боз тоқидӯзӣ мекунад ва аз ҳунари худ мефахрад. Мехоҳад ҳунари худ ба фарзандонаш омӯзонад. Соли 2002 дар вақти ҷашн гирифтани 2500 солагии Истаравшан дар намоишгоҳиштирок карда дорандаи ифтихорномаи фахрӣ мебошад…

Намудҳои   тоқӣ

Тоқӣ 17 намуд дорад, ки 8 намудаш асосӣ мебошанд:

  1. Балдоқ
  2. Зирадӯзӣ
  3. Хуҷандӣ
  4. Аштдӯзӣ
  5. Бачагона
  6. Нусхадароз
  7. Занона (гулдӯзӣ)
  8. Ироқидӯзӣ.

Тоқиҳо солҳои зиёд фарсуда намешаванд ва намуди худро дигар намекунад. Бояд гуфт, ки тарзи тайёр кунии и тоқиҳо хело аҷоиб буда меҳнат ва вақти зиёдро талаб микунад. Ҳамаи равандҳои тайёр кардани тоқи дастӣ ва бо тенологияи қадимаи хоси худ тайёр мешававд.

Технологияи тайёр кардани тоқӣ тастӣ буда тағийр наёфтааст.

Тоқидӯзони асил дар деҳаи хушманзараи Зарнисор зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд. Яке аз ин хел ҳунармандони асил ки давомдиҳандаи ҳунари ниёгони м ин Маърупова Мусавара, ки ҳунари тоқидӯзиро аз модараш мерос гирифтааст. Давоми 30сол боз тоқидӯзӣ мекунад.

Рафти кор:

  1. Матоъро интихоб намуда онро ба шакли чоркунҷа мебурем.
  2. Ба матоъ бо асбоби махсус ки аз қадим ба мо расида омадааст фишор медиҳем (дар муддати 4 соат), барои ҷудо кардани чор тарафи тӯпӣ
  3. Ба матои фишороварда гулдӯзӣ мекунанд бо (риштаи сафед), ки ин гуна гулпартоӣ аз асри XIX то имрӯз тағийр наёфтааст.Дар ҳар як тоқӣ дар болояш 4 гул (дар халқият ин гулҳоро мамлакат меноманд) ва дар поёни тоқӣ 16 гул (дар халқият ин гулҳоро давлат мегӯянд).
  4. Намуди хоми тӯпӣ тайёр шуд. Баъд ба он астар мебуранд ва ба онро тепчӣ мекунанд, ки раванди тепчизанӣ хеле душвор аст.
  5. Онро пилта мекунанд ба ҳар як тепчӣ бо сими дароз қоғази сафедро дохил мекунанд.

Намуди болои тӯпӣ тайёр шуд.

  1. Намуди поёни тӯпӣ, ки 16 гул дорад Ҷияк – ном матои дарози борикро ба поёни тӯпӣ медӯзанд.Бо астар оро медиҳанд ва ба он кардон меандозам ва ҳар дуи қисм боло ва поёни тӯпиро ба ҳам медӯзанд.

Тӯпиро грид ба гирд бо даст медӯзанд 20 қатор.

Баъд онро бо асбоби махсус фишор меоранд (дар муддати 24 соат).

  1. Ба он ширеш мезананд, ки тӯпӣ рост шавад.
  2. Охирон тӯпиро дарзмол мекунем.