Добро пожаловать!

Гузаштагони халқи  тоҷик  маданияти пешрафта ва санъати волои меъморӣ, кандакорӣ, маҷассамасозӣ , бофандагӣ, рассомӣ, кулолгарӣ кордсозӣ ва ғайраро  доштанд.

Дар Истаравшани бостонӣ ин ҳунарҳои  ниёгони халқи точикро давом медиҳанд ва намегузоранд, ки ин ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик  аз байн равад.

Кордсозӣ ин намуди ҳунари қадимаи тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳои дароз дорад. Аз давраи сулолаи Хахоманишинҳо кордсозӣ ба дараҷаи баланд расонида буд. Шамшерҳо, ханҷарҳо, теғҳо ин намуди хунарҳои волои ниёгонамон то ба мо омада расидааст. Бояд қайд кард, ки мардуми ҳуанрдӯсти Истаравшан ин ҳунари ниёгони моро давом медиҳанд.  Зиёда  аз 100 намуди ҳунар дар Истаравшан, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб мераванд  ба қайд гирифта шудааст, аз ҳамин сабаб ҳам  ин шаҳрро шаҳри Ҳунармандон  мегӯянд. Аҳолии ин шаҳри қадимаи тоҷикон дар сарзамини Тоҷикистон ягона шаҳрест, ки қариб ҳамаи аҳолӣ  соҳиби ҳунаранд.

Также можете посмотреть...

Мы открылись!

8 мая 2015 года запустили сайт «Народные промыслы Таджикистана»!